ВКД ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳмон Малик нақшаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. А.Қаҳҳоров зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон ҳанӯз соли 1992 ба роҳ монда шуда буданд ва то имрӯз байни ҳар ду кишвар дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ва ғайра 22 ҳуҷҷат имзо шудааст. Раҳмон Малик изҳор намуд, ки Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон бояд муттаҳид гардида, дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳанд. Мо бояд дар ин бобат нақшаи муштараки стратегӣ дошта бошем, зикр кард Р.Малик. Меҳмон пешниҳод намуд, ки мақомоти муҳофизи тартиботу қонуни мамлакатҳои минтақа бояд дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ба ҳамдигар маълумоти зарурӣ дода, таҷрибаи ҳамдигарро омӯзанд. Вазири корҳои дохилии Покистон пешниҳод кард, ки 10 нафар корманди ВКД Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба ба Покистон фиристода шаванд. Абдураҳим Қаҳҳоров зикр намуд, ки моҳи ноябри соли равон дар Душанбе бахшида ба масъалаҳои тақвияти мубориза ба муқобили терроризм мулоқоти намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистону Покистон баргузор мегардад. Вай Раҳмон Маликро даъват намуд, ки дар ин мулоқот ширкат варзанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






