ҶАСАДИ КӮДАКИ ҒАРҚШУДА ЁФТ НАШУД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҶТ Дӯстмурод Забиров, 16 августи соли ҷорӣ тақрибан соати 16 шаҳрванд Шералӣ Раҳмонов, соли таваллудаш 1989 истиқоматкунандаи хиёбони С. Шерозӣ, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар «мехкарер»-и ноҳияи Рудакӣ ғарқ шуд. Ҷасади ғарқшуда худи ҳамон рӯз соати 17 аз тарафи кумитаи мазкур дарёфт карда ба мақомоти дахлдор супорида шуд. Инчунин, ҳодиса дар канали Ҷайкаи шаҳри Қӯрғон-теппа истиқоматкунандаи кӯчаи Киров 2 шаҳри Сарбанд, Сафаралӣ Мирзоев, соли таваллудаш 2003 ғарқ шуд. Мутаасифона ҷасад то ҳол ёфт нагардидааст, ҷустуҷӯ идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






