АМАЛИЁТИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- Аз 22 — юми июл то 7 — уми августи соли ҷорӣ Раёсати агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба фасод ҳангоми супоридани ҳуҷҷат ва имтиҳони қабул дар донишкадаю донишгоҳҳои ин вилоят, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат (ТГУПБП)- и шаҳри Хуҷанд як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо оид ба пешгирии ришватхӯрӣ дар соҳаи маориф гузарониданд. Бояд тазаккур дод, ки ба ҳамаи ин чорабиниҳо нигоҳ накарда, омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат Бисабоат Исмоилова аз як шаҳрванд барои дохил кардани ҷиянаш дар донишгоҳи мазкур аз 1 то 2 ҳазор доллар маблағ ба даст оварданӣ шуд, аммо ҳангоми гирифтани пора ба даст афтид. Кормандони Раёсати назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи нисбати омӯзгор Бисабоат Исмоилова бо моддаи 247 қ. 4 б «Б» (қаллобӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва тафтишот идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






