ДИРЕКТОРИ ФИЛИАЛИ БОНКИ «ЭСХАТА» ПУЛИ МИЗОҶОНАШРО ГИРИФТА ГУРЕХТ

Август 5, 2009 13:49

                 Хуҷанд, 5 август. (АМИТ «Ховар» — Фарғона. Ру. ). — Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд 13 июл директори филиали бонк дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизовро барои камбудиҳои ҷиддии фаъолияташ аз вазифа сабукдӯш намуд. З.Азизов ҳамон рӯз аз вилояти Суғд фирор кард ва аз рӯи баъзе маълумотҳо, айни ҳол дар Маскав пинҳон шуда гаштааст.                 Мизоҷон ва кормандони шӯъбаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловск аз гурехтани З.Азизов бохабар шуда, рӯзи дигар дар назди бинои асосии «Бонки Эсхата» ҷамъ шуда, талаб карданд, ки маблағи пасандозҳои ба Зулфиқор Азизов додаашон баргардонда шавад. Яке аз мизоҷони бонк, сокини шаҳри Чкаловск Аслия Зиёева зикр намуд, ки 10 сол боз маблағи ҷамъовардаашро бо фоидаи 2,5 фоиз дар як моҳ ба З.Азизов додааст. З.Азизов баъди гирифтани пул ба Аслия Зиёева ҳуҷҷати қалбакӣ додааст. Акнун аслия Зиёева афсӯс мехӯрад, ки ҳуҷҷатҳои додаи Азизовро тафтиш накардааст. Роҳбарияти «Бонки Эсхата» ба ҷамъомадагон изҳор намуд, ки Азизов тартиботи қабули пасандози мизоҷонро сарфи назар карда, пули онҳоро бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардааст.  Бинобар ин онҳо баргардондани маблағҳои ба Азизов додаашонро аз бонк талаб карда наметавонанд. Муносибати онҳо бо Азизов муносибати бонк ва мизоҷонаш набуда, балки муносибати шахсии онҳо бо Азизов мебошад. Бинобар ин маблағи ба Азизов додаи онҳо баргардонда намешавад.                  Сокинони дигари шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск, аз ҷумла, Гулрухсор Ҳакимова изҳор намуд, ки 5 сол боз пасандози худро ба Зулфиқор Азизов додааст. Азизов ба ӯ ва хешу таборонаш ваъда додааст, ки аз маблағи пасандозашон ҳар моҳ 2,5 фоиз фоида мегиранд. Акнун боварӣ надорам, ки на танҳо маблағи худ, балки маблағи хешу таборонамро баргардонда гирифта метавониста бошам ё не, — бо таассуф мегӯяд Г.Ҳакимова.                Сардори шӯъбаи маркетинги Ҷамъияти саҳомии «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд Мирзоиброҳим Иброҳимов зикр намуд, шаҳрвандоне, ки маблағи пасандозашонро мувофиқи қонун ба бонк супоридаанд, онро бе ягон мамониат гирифта метавонанд. Вале одамоне, ки Азизов ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ додааст, маблағҳояшонро на аз бонк, балки танҳо аз худи Азизов гирифта метавонанд.                 Прокурори шаҳри Чкаловск нисбати Зулфиқор Азизов парвандаи ҷиноӣ кушод, айни ҳол мақомоти дахлдор ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.                 Ба қавли коршиноси маҳаллӣ Салим Раҷабов, Зулфиқор Азизов аз вазифа сӯистифода карда, бо намояндагони муассисаҳои тафтишу назораткунанда забон як кардааст, ки ӯро тафтиш накунанд ё рӯякӣ тафтиш намоянд.                  Аз амали ҷинояткоронаи Азизов бештар аз 20 нафар зарари молиявӣ дидаанд. Акнун ин масъала дар мақомоти муҳофизи қонун муҳокима ва ҳал карда мешавад.

Август 5, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд