МУҲОКИМАИ НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Август 19, 2009 15:11

                   Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба 18 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши истиқлолият дар раванди худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, профессорон, олимону устодон иштирок намуданд. Дар конфронс мавзўҳои «Аҳамияти истиқлолият аз дидгоҳи фалсафа», «Истиклолият — марҳилаи авҷи худшиносӣ ва бедории миллии тоҷикон», «Таносуби озодандешии илмӣ ва истиқлолияти миллӣ», «Таблиғи озодандешӣ ва истиклолияти зеҳнӣ дар осори ниёгон ва таъсири он дар ташаккули ҳуввияти миллӣ» аз ҷониби иштирокчиён баррасӣ гардид.                  Дар доираи конфронс дар толори намоишгоҳи китобхона намоиши калони китобӣ бо номи «истиқлолият — чавҳари ассосии зиндагии миллат» муаррифӣ гардид, ки дар он беш аз 200 адабиёт оид ба истиқлолияти давлатӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Август 19, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид