ТАЙЁРӢ БА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 17 август дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси Кумитаи тадорукоти намоишгоҳи байналхалқии «ЭКСПО -2010» баргузор гардид, ки моҳи октябри соли оянда дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба омодагии Тоҷикистон ба намоишгоҳи мазкур муҳокима шуданд. Иштирокчиёни маҷлис — роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор масъалаи ташкили гӯшаи махсуси Тоҷикистонро дар намоишгоҳ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, нусхаи иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва дастовардҳои мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт намоиш дода, инчунин тадбирҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷараёни фаъолияти намоишгоҳ гузаронидани рӯзи миллии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Ҷумҳурии мо дар ин намоишгоҳ таҳти шиори «Шаҳрҳои обод ва зиндагии шоиста» ширкат хоҳад варзид. О.Оқилов ба роҳбарони масъул супориш дод, ки тадбирҳои омодагии мамлакатро ба намоишгоҳ дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом диҳанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






