ВАЗОРАТИ МАОРИФ ХУД БОЯД ФАРМОИШГАР БОШАД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То «Занги аввал» — и соли таҳсили 2009 — 2010 як ҳафта боқӣ монд. Бо қарори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ либоси ягона муайян карда шудааст, аммо барои дӯхти чунин либоси ягона, фармоишеро дар ҷумҳурӣ ягон корхонаи дӯзандагӣ аз ҷониби муассисаю идора ва худи вазорати мазкур нагирифтааст. Чунон ки маълум гашт, либосҳои мактабӣ барои хонандагони синфҳои 1 — 11 аз давлатҳои Чину Туркия, Ӯзбекистону Қирғизистон аз ҷониби корчаллононҳо бо нархҳои дандоншикан вориди мағозаҳои Тоҷикистон карда мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар рӯзҳои 22 — 23 -юми августи соли ҷорӣ садҳо падару модароне, ки аз деҳоти дурдасти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои хариди сару либоси мактабӣ омада буданд, бо сабаби гаронии нархҳо дасти холӣ баргаштанд. Дар ҳамин рӯзҳо мухбири АМИТ «Ховар» ярмакаи бозори «Шоҳмансур» — ро аз назар гузаронида муайян кард, ки танҳо куртаю шиму костюм барои синфҳои 1 аз 115 то 120 сомонӣ, пойафзол 25 — 30 ва барои духтарони ҳамин синну сол, либоси мактабӣ 150 сомонӣ арзиш дошт, ки он падару модаронро дар ҳолати хеле ногувор гузошта буд. Савдогарон бошанд сабаби инро дар сифати баланд ва қимат шудани роҳкиро медонанд. Ҳуқуқшинос Миҳтоҷ Қурбонов аз ноҳияи Ваҳдат Низомномаи Вазорати маорифро дар бораи либоси ягонаи мактабӣ ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мухолифи Қонуни асосии ҶТ медонад, зеро шаҳрвандон дар интихоби сару либос озоданд. Вазорати маориф бошад, ҳангоми қабули Низомнома ҳатто вазъи иҷтимоии мардумро ба назар нагирифтааст..








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






