ВИЧ/СПИД АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

Август 20, 2009 12:51

                   Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 20 августи соли равон дар меҳмонхонаи «Меркуриӣ» мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба муаррифии Дастури «ВИЧ/СПИД аз дидгоҳи Ислом» баргузор гардид.                   Дар он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ оид ба муборизаи зидди ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.                  Тавре иштирокчиён қайд намуданд, дастури мазкур бори аввал соли 2007 аз ҷониби собиқ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ бо кӯмаку дастгирии молиявии ташкилоти АКТ ЦЕНТРАЬНАЯ АЗИЯ ба теъдоди 1750 нусха ба нашр расид.                  Нашри дуюми он бо дастгирии молиявии Хазинаи Глобалӣ (барнома оид ба муборизаи зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа дар ҶТ) бо каме тағйиру илова ва маслиҳатҳои муфид ба адади 100 000 нусха ба нашр расонида шуд.

Август 20, 2009 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд