ҚОЧОҚИ АШЁИ ҚИМАТБАҲОИ ПОДШОҲИ РУСИЯ БА БРИТАНИЯ

Сентябрь 2, 2009 09:28

               Лондон, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лента.ру). – Агентии иттилоотии Би — Би – Си бо истинод ба маълумоти разведкаи Британия — Ми — 5 хабар медиҳад, ки ашёи қиматбаҳои хонаводаи подшоҳи Русия – Романовҳо пеш аз инқилоби Октябр бо роҳи қочоқ ба Британияи Кабир бурда, баъдан барои дастгирии ҳукумати коммунистон истифода карда шуданд.                Дар ин бозии сиёсӣ нақши қочоқчиро Френсис Майнел бозид, ки ҳамон солҳо муҳаррири рӯзномаи «Дейли Гералд» буд. Ашёи қиматбаҳоро ӯ дар Стокголм қабул карда, ҳамаи онро дар қутиҳои қанди қоғазпеч ҷой намуда, бо роҳи қочоқ ба Британияи кабир бурд. Маблағи умумии ашёи қиматбаҳо аз рӯи нархи ҳамонвақта қариб 40 ҳазор фунт стерлинг буд. Рӯзномаи «Дейли Гералд» таҳти роҳбарии Майнел ҳукумати коммунистонро дар Русия дастгирӣ менамуд.                Хадамоти махсус соли 1916 фаъолияти Майнелро таҳти назорат гирифтанд. Вале Ҷанги якуми ҷаҳон ба ӯ имкон дод, ки фаъолияташро бомуваффақият давом диҳад.                Майнел баъдан зикр намуд, ки ашёи қиматбаҳо баъди ташкили Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия баргардонда шуданд. Дар бойгонии вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ҳуҷҷатҳои марбут ба ашёи қиматбаҳои хонаводаи Романовҳо мавҷуд аст. Аз рӯи онҳо, арзиши ашёи қиматбаҳо, аз ҷумла, сангҳои қиматбаҳо, бриллиант ва асбобу анҷоми ороиши занона қариб 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сентябрь 2, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар