ҚОИДАИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТИ РОҲРО РИОЯ НАКАРД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, соати тахминан 12 рӯзи 31 августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «DЕU-Siеlo» рақами давлатиаш ЕК 85 02 РТ 02 Насим Шодиев, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хуҷанд-Истаравшан дар километри 260-м қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накард. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Олимҷон Ёқубови 9 соларо, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Ғончӣ, хонандаи синфи 3 мактаби таҳсилоти умумӣ №32 буда, аз роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа номбурда аз ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар беморхонаи шаҳри Спитамен ба ҳалокат расидааст. Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






