Ҳ. КАРЗАЙ ЗИЁД КАРДАНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ХОРИҶИРО ДАСТГИРӢ КАР

Сентябрь 23, 2009 10:52

                  Кобул, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Афғон.ру). – Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай даъвати зиёд намудани миқдори қисмҳои ҳарбии хориҷиро дар мамлакаташ дастгирӣ намуд. Вай ҳамзамон қисмҳои ҳарбии хориҷии дар Афғонистонбударо барои камсамарии мубориза ба муқобили силоҳбадастон дар қисмати шарқии Афғонистон ва минтақаи сарҳади Покистон танқид кард. Ҳ.Карзай изҳор кард, ки амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи сарҳади Афғонистону Покистон пурзӯр намуда, тадбирҳое андешида шаванд, ки ҳалокати сокинони маҳаллӣ зимни гузаронидани амалиёти ҳарбӣ пешгирӣ карда шавад.                Хабар дода мешавад, ки фармондеҳи қисмҳои ҳарбии хориҷӣ дар Афғонистон генерал Мак Кристал ба ин мамлакат фиристодани қисмҳои ҳарбии иловагиро талаб кардааст. Вай изҳор намуд, ки агар ба Афғонистон қисмҳои нави ҳарбӣ фиристода нашаванд, ИМА ва иттифоқчиёнаш ҷангро дар ин мамлакат бой медиҳанд.                  Айни ҳол шумораи аскарону афсарони хориҷӣ дар Афғонистон қариб ба сад хазор нафар мерасад. Бештар аз 60 ҳазор нафари онҳо аскарону афсарони амрикоӣ мебошанд. Инчунин пеш аз интихоботи Президенти Афғонистон аз Ироқ ба ин мамлакат боз 20 ҳазор низомӣ фиристода шуд.                 Мақомоти низомии Австралия дирӯз хабар доданд, ки минбаъд теъдоди низомиёни худро дар Афғонистон зиёд нахоҳанд кард. Қабл аз ин мақомоти Олмон ва Италия дар бораи аз Афғонистон баровардани низомиёни худ масъала ба миён гузошта буданд. Президенти Эрон зимни суханрониаш дар расми гузашти низомӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ маслиҳат дод, ки қисмҳои ҳарбии худро аз Афғонистон ва Ироқ бароранд. Ба Шумо маслиҳат медиҳам, ки ба мамлакатҳоятон баргашта, маблағи калони барои амалиёти ҳарбӣ дар ин мамлакатҳо пешбинишударо барои ҳалли проблемаҳои миллати худ сарф намоед, гуфт Маҳмуд Аҳмадинажод.

Сентябрь 23, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад