ҶАДВАЛИ НАВИ МУСОБИҚА ТАСДИҚ ШУД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар қароргоҳи марказии Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала – Лумпур ҷадвали нави қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи дастаҳои футболи қитъаи Осиё барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи қитъаи Осиё тасдиқ карда шуд. Ин қувваозмоиҳо дар шаҳри Турсунзода баргузор мегарданд. Дар қувваозмоии нахустини ниманиҳоӣ, ки соати 11 – у 30 дақиқаи 25 сентябр баргузор мегардад, дастаҳои футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистон ва «Ашқобод» — и Туркманистон ширкат меварзанд. Ҳамон рӯз соати 16 дар варзишгоҳи «Металлург» дастаҳои футболи «Регар – Тадаз» ва «ВАПДА» — и Покистон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Қувваозмоии хотимавӣ барои ба даст овардани Ҷоми Конфедератсия дар ҳамин ҷо 27 сентябр соати 15 баргузор мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






