93 ФОИЗИ ҶИНОЯТҲОРО ОШКОР КАРДАНД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 7 моҳи соли 2009 — 85 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки нибат ба ҳамин давраи соли 2008 – 39,3 фоиз зиёд аст. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти шӯъбаи тафтишотии Агентӣ дар кушодани ҷиноятҳо корашро беҳтар намуд ва 93,4 фоизи ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ошкор намуд. Дар ин муддат, аз 30 ҷинояти дар вилояти Суғд ба қайд гирифташуда – 26 ҷиноят, дар вилояти Хатлон аз 11 ҷиноят ҳамаи он, дар ВМКБ аз 11 ҷиноят -7, шаҳри Душанбе аз -28 ҷиноит 25 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 28 ҷиноят 25-тои он кушода гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






