АНГИШТИ ШӮРООБОД ХАРИДОР НАДОРАД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои директори кони ангишти ноҳияи Шӯрообод Рустам Собиров, дар давоми 8 моҳи соли равон коргарони кони ангишти ноҳия беш аз 1,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карданд, қи танҳо аз се як қисми он фурӯхта шудааст. Бо пешниҳоди роҳбари кони ангишт, раиси ҳукумати ноҳия ба ҳамаи 25 ноҳияи вилоят дар бораи хариди ангишт муроҷиат намуд, аммо то имрӯз аз ягон ноҳия дар бораи хариди ангишт дархост ворид нашудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар кони мазкур, навъи беҳтарини ангишт истеҳсол мешавад, ки аз ангишти истеҳсолшудаи Қазоқистону Қирғизистон беҳтар аст. Захираи кони ангишти Шӯрообод 1 млн. 900 ҳазор тонна муай ян шудааст. Аммо тибқи маълумоти оморӣ захираи умумии онро беш аз 300 млн. тонна донистаанд. Маблағгузории ҷумҳурӣ оиди кашфу истеҳсоли ангишти Шӯрообод хеле ночиз аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






