БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИСОБОТ ДОДАНД
Имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим ҳисобот доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ба масоили захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд, аз ҷумла таъкид гардид, ки тамоми кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси фитри рӯза лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, ба оилаҳои камбизоат бидиҳанд. Дастур дода шуд, ки рафти гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зери назорати доимӣ гирифта шавад, то ки дар тамоми қаламрави мамлакат мутобиқи фармони мазкур иҷрои ин супориш таъмин гардад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳоро ҳамчунин вазифадор намуд, ки тӯли ҳафтаи равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон ташкил намоянд, то фаровонии дастурхони мардум дар рӯзи иди саиди Фитр таъмин шавад. Ҳамчунин аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки кӯмакҳои хайрияи худро, пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон тақдим намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳоро ҳамчунин оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва иҷрои буҷети маҳаллӣ шунида, ба онҳо баҳри ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






