БАРНОМАИ ЯДРОИИ ЭРОН ВУҶУД НАДОРАД

Сентябрь 18, 2009 11:18

                 Вена, 18 сентябр (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Агентии байналхалқии энергияи атом хабарҳои расонаҳои гурӯҳии Амрико ва Аврупоро дар бораи он, ки гӯё дар маърӯзаи охирини агентӣ мавҷудияти барномаи ядроии Теҳрон исбот шуда бошад, рад намуд. Дар хабар таъкид карда мешавад, ки Агентии байналхалқии энергияи атом ба сохтори СММ дохил мешавад. Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс 17 сентябр бо истинод ба манбаъҳои ҳолдони агентӣ хабар дода буд, ки дар маърӯзаи МАГАТЭ дар бораи мавҷудияти барномаи ядроии Эрон маълумот дода шудааст.                  Агентии байналхалқии энергияи атом бори дигар такрор мекунад, ки мавҷудияти барномаи ядроии Эрон то ҳол исбот нашудааст. Директори генералии агентӣ Муҳаммад Албародай 9 сентябр огоҳ намуд, ки даъвоҳо дар бораи пинҳон доштани мавҷудияти барномаи ядроии Эрон аз ҷониби агентӣ ягон асоси воқеӣ надоранд. Изҳороти М.Албародай дар ин масъала дар қароргоҳи марказии СММ пахш карда шуд. 

Сентябрь 18, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд