БУҶАИ СОЛИ 2010 ЧӢ ҚАДАР ХОҲАД БУД?

Сентябрь 1, 2009 09:18

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Охири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 50 масъала баррасӣ шуд.                Дар қатори масъалаҳои муҳим, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дида шуданд ва параметрҳои асосии Буҷети давлатӣ барои солҳои 2010-2012 маъқул дониста шуда, барои маълумот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2010 дар ҳаҷми 24, 5 миллиард сомонӣ ва Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 954,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин аз нишондиҳандаҳои соли равон мутаносибан 14% ва 25% зиёд аст.               Дар соли 2009 аз ҳисоби 3,4 фоиз коҳиш ёфтани иқтисодиёт камбуди буҷет, инчунин, арзон шудани молҳои содиротӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминий, кам гардидани хаҷми интиқоли пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ буҷет нисбати соли гузашта қариб 30 фоиз камтар пешбинӣ шудааст.               Аз рӯи иттилои Кумитаи омори давлатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми моҳҳои январ – июли соли равон дар Тоҷикистон 9 миллиарду 910 миллиону 523,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд аст. 

Сентябрь 1, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад