ДАР ҶХДК УРАНИ ТОЗА БА ДАСТ ОВАРДА ШУД
Пхенян, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Шӯрои амният нома фиристода, хабар дод, ки дар мамлакаташ ояндаи наздиктарин моддаи радиоактивии урани тоза ба даст оварда мешавад. Дар номаи намояндаи ҶХДК гуфта мешавад, ки таҷрибаҳои тӯлонии тоза кардани уран натиҷаи дилхоҳ доданд. Қабл аз ин Пхенян амалӣ сохтани барномаи тоза кардани уранро рад карда буд. Дар нома ҳамчунин хабар дода мешавад, ки мутахассисони соҳаи атом ояндаи наздик ба истеҳсоли моддаи реактивии плутоний шурӯъ хоҳанд кард. Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки Пхенян тайёр аст, дар ин масъала сари мизи мушовара нишинад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Куриёи Шимолӣ моҳи апрели соли равон дар бораи давом додани иҷрои барномаи ядроии худ хабар дода буд. Ҳол он ки Шӯрои амният ҳамон вақт сар додани ракетаҳои дурпарвозро дар Куриёи Шимолӣ бо радифи маснӯи алоқа маҳкум намуда буд. Ҳамон вақт маъмурияти Куриёи Шимолӣ аз идомаи гуфтушунидҳои шашҷониба дар ин масъала даст кашида буд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






