ДАР МАСКАВ ҚОЧОҚЧИИ ТОҶИК ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Кормандони милиса 14 сентябр дар майдони ҳавоии Внуково дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор» шаҳрванди 34 – солаи Тоҷикистонро дастгир намуданд, ки мехост як покети селофании дорои моддаи хокистаррангро фурӯшад. Дар натиҷаи таҳқиқоти коршиносон маълум шуд, ки моддаи хокистарранг моддаи пуртаъсири нашъадори героин буда, вазни он 435,9 грамм мебошад. Қимати он дар бозор 330 ҳазор рубли Русияро ташкил медиҳад. Нисбати қочоқчӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






