ДАР ПАНҶАКЕНТ ДУ ИНШООТИ МУҲИМ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Сентябрь 11, 2009 10:57

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ду иншооти муҳим, ки бевосита ба ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳолии ноҳия таъсири калон доранд, ба истифода дода шуд.                Яке аз ин иншоот Кохи фарҳанги Панҷакент мебошад, ки бинои он соли 1989 оғоз гардида, бо сабабҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муноқишаҳои дохилии кишвар дар солҳои 90-ум сохтмони он ба таъхир афтод. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати комил, бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат идомаи сохтмони Кохи фарҳанги Панҷакент ба рӯйхати иншооти ҷашнии 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ворид гардида, сохтмони пурра ва ҷиҳозонидани он дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолият ба итмом расид.                      Дар дохили бинои Кохи фарҳанги Панҷакент толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои муҳим, мактаби мусиқӣ, ҳуҷраҳои махсус барои санъаткорон ва дигар шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Гуфтанист, ки Кохи фарҳанги Панҷакент яке аз калонтарин кохҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.                  Инчунин, дар арафаи ҷашни Истиқлолият Фабрикаи мурғпарварии шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз кард. Ин фабрика то оғози солҳои 90-уми асри гузашта яке аз калонтарин фабрикаҳои мурғпарварии ҷумҳурӣ буда, водии Зарафшонро бо тухм ва гӯшти мурғ таъмин менамуд. Аз оғози солҳои 90-ум то инҷониб ин фабрика умуман фаъолият намекард.                   Бо дарназардошти ҳидоятҳои Президенти кишвар оид ба барқарор намудани фабрикаҳои мурғпарварӣ ва ривоҷ додани ин соҳа соҳибкорони ноҳия бинои фарсудаи қаблии фабрикаро хусусӣ гардонида, ба фаъолият шурӯъ намуданда, корҳои ободиниро ба роҳ монданд. Айни ҳол иқтидори истеҳсолии фабрикаи мазкур дар як рӯз 3 ҳазор дона тухм буда, дар назар аст, ки истеҳсоли он як баробар зиёд карда шавад. Бо пурра ба фаъолият шурӯъ намудани фабрикаи мазкур аҳолии водии Зарафшон пурра бо тухм ва гӯшти мурғ таъмин мегардан

Сентябрь 11, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад