ДУЗДӢ ДАР МЕҲМОНХОНАИ «ЭҲСОН»
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Сафаралӣ Ҳакимов, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи 40 – солагии Тоҷикистон ворид гардид, ки шахсони номаълум ба тариқи озод, ба ҳуҷраи рақами 35 меҳмонхонаи «Эҳсон» ворид шуда, ҳангоми хоб буданаш аз кисаи шимаш 600 доллари амрикоиро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Саврӣ Мақсудова, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати ба номи Усмон дастгир карда шуд. Аз ӯ далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






