ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ ЖЕНЕВА СУХАН ХОҲАД КАРД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо мақсади иштирок дар конфронси сеюми ҷаҳонии бахшида ба масъалаҳои иқлим ба Женева рафт. Конфронси мазкур аз 31 август то 4 сентябр давом мекунад. Аз дафтари матбуоти Сарвари давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс роҷеъ ба тағйир ёфтани иқлим ва таъсири он ба муҳити зист ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои мазкур маърӯза хоҳад кард. Дар конфронс роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорони баландпоя, олимон, мутахассисони ҳавошинос ва коршиносони 150 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд. Аз 31 август то 2 сентябр маҳфилҳои алоҳидаи конфронс баргузор мегарданд. Дар маҳфили сатҳи олии конфронс, ки 3 – 4 сентябр гузаронида мешавад, сарони давлату ҳукуматҳо, вазирон ва сиёсатмадорони воломақом иштирок хоҳанд кард. Ҳадафи конфронс муҳокимаи проблемаҳои тағйир ёфтани иқлими ҷаҳон, таъсири он ба ҳаёти инсон ва бартараф сохтани оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Иштирокчиёни он ба масъалаи пешгӯии вазъи ҳаво дар давоми чанд рӯз то 50 соли оянда бо мақсади пешгирии таъсир ва оқибатҳои он диққати махсус хоҳанд дод. Конфронсро Созмони ҷаҳонии ҳавосанҷӣ мегузаронад, ки яке аз муассисҳои махсуси СММ мебошад. Созмони мазкур фаъолияти муассисаҳои ҳавосанҷӣ ва гидрологии тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро ҳамоҳанг сохта, маълумоти онҳоро дар бораи вазъи ҳаво ва тағйироти иқлим ҷамъбаст менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафараш ба Женева 4 сентябр барои боздиди расмии дурӯза ба Хорватия хоҳад рафт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






