ФАЪОЛИЯТИ БОНКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ЧИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН

Сентябрь 18, 2009 09:48

                  Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар бонки давлатии «Амонатбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Бонки Давлатии Рушди Чин дар ҶТ аз соли 2005 фаъолияташро ба роҳ мондааст.                  Дар давоми солҳои 2005 – 2009 аз ҷониби Бонки Давлатии Чин дарҶумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳа роҳандозӣ гардид, ки маблағи умумии он беш аз 120 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маблағи бонки мазкур дар ҶТ асосан барои рушди алоқаи мобилӣ, хоҷагии кишоварзӣ ва тиҷорати хурду миёна истифода карда шудааст.                   Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, Бонки Давлатии Рушди Чин дар ҶТ маблағгузориро аз рӯи лоиҳахои сохтмонии роҳи автомобилгард, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтмони саноати кӯҳӣ низ дастгирӣ мекунад. 

Сентябрь 18, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар