ХАТИ «ҶАНУБ — ШИМОЛ» ТО ОХИРИ СОЛ АНҶОМ ХОҲАД ЁФТ

Сентябрь 10, 2009 09:17

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи «Душанбе-500»                 Ҳамватанони азиз!               Меҳмонони гиромӣ!                Сохтмончиёни мӯҳтарам!               Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди талошҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошанд ва мо то имрӯз корҳои зиёдеро амалӣ карда, дар ин самт аллакай ба хеле натиҷаҳои мусбат ноил гардидаем.               Аз ҷумла, нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда- 1» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне соли 2011-ум ба анҷом расонида хоҳад шуд.                Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як силсила нерӯгоҳҳои хурд босуръат идома дошта, вақтҳои наздик оғози як қатор нерӯгоҳҳои миёнаи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.                 Мо баъди чанд лаҳза ба сохтмони Маркази нави барқу гармӣ дар шаҳри Душанбе, ки иқтидораш 270 мегаватт мебошад, оғоз мекунем.                Бо дарназардошти сохтмони иншооти мазкур барои мо масъалаи барпо намудани инфраструктураи интиқоли нерӯи барқ дар дохили кишвар ва берун аз он аҳамияти хоса пайдо менамояд.              Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади иштирок дар вохӯрии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2006 созишномаҳои кредитӣ ва қарордоди сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва 220 — киловолтаи «Лолазор – Хатлон» ба имзо расида буданд.                Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо 16 сентябри соли 2006 дар ҳамин мавзеъ, ки ҳоло тавассути меҳнати бунёдкоронаи коргарон ва мутахассисони тоҷику чин хеле обод гаштааст, мо бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Зябао дар маросими тантанавии оғози расмии сохтмон иштирок намуда, ба бунёдкорони он барори кор орзу карда будем.                 Хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 — киловолтаи «Лолазор–Хатлон» соли гузашта пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.                 Ҳоло бошад, сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддити 500 — киловолтаи « Ҷануб – Шимол» вусъат мегирад ва дар назар аст, ки он пеш аз мӯҳлат, яъне то охири соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд.                  Имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи «Душанбе-500», ки дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, тӯҳфаи арзандаи идона ба мардуми шарифи тоҷик мебошад ва ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба кулли кормандони муҳандисиву техникии ҳарду тараф, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гирифтаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям.                 Тибқи лоиҳа тавассути хатти «Шимол-Ҷануб» дар як сол имконияти интиқоли 8 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ пайдо хоҳад шуд.                 Дар баробари ин, мавриди истифода қарор гирифтани хатти мазкур талафоти нерӯи барқро аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунандагон коҳиш дода, сифати таъмини онро баланд мебардорад.                Бо мақсади ба таври самаранок ва дуруст истифода намудан аз иншооти мазкур яқ қатор мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла идораи компютерӣ, ҳимояи реле, низоми истифодабарии таҷҳизоти муосири технологӣ ва дастгоҳҳои алоқаи замонавӣ барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Халқии Чин фиристода шуданд. Ҳозирини гиромӣ!               Иншооте, ки имрӯз мо онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, боз як нишонаи равшани таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин мебошад.                Равобити созандаву самарабахш ва ҳамкориву ҳамдастии кишвари мо бо ҳамсояи бузурги шарқиамон дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай торафт вусъат пайдо карда, соҳаҳо ва самтҳои навро дарбар мегиранд.                Аз ҷумла, аз ҷониби кишвари ҳамсоя баррасӣ шудани як қатор лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварамон гувоҳи сатҳи баланди робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории дӯстонаи мо мебошад.                Инчунин, бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 140 фоиз афзудани гардиши савдои хориҷии байни ду кишвар низ баёнгари густариши робитаҳои мо мебошад.                Мардуми қадршиноси Тоҷикистон ин иқдоми кишвари ба мо дӯстро бо изҳори сипос арзёбӣ намуда, барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари чунин ҳамкориҳо кӯшишу талош хоҳад намуд.                 Дар охир ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 18-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бори дигар ба дӯстони хитоии мо – сохтмончиён, кормандони муҳандисиву техникӣ ва кулли онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.                 Пирӯзу сарбаланд бошед!

Сентябрь 10, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст