ИҶЛОСИЯИ 64 – УМИ МАҶМАИ КУЛЛИ СММ
Ню — Йорк, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). — Имрӯз дар Ню – Йорк иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид кушода мешавад. Иҷлосия таҳти раёсати дипломати Либия Алӣ Абдулсалим Трики баргузор мегардад. Дар ҷараёни он масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм, ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои иқтисодӣ ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Иҷлосияҳои Маҷмаи кулли СММ паи ҳам тамоми сол давом мекунанд. Дар иҷлосияҳои нахустин, одатан сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ ширкат меварзанд. Ин иҷлосия имсол аз 23 то 30 сентябр гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки пеш аз мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ дар СММ мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СММ имсол масъалаҳои тағйир ёфтани иқлимро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар мулоқоти сарони давлатҳо президенти ИМА Барак Обама сухан хоҳад кард. Баъди он мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ шурӯъ мегарданд. Дар онҳо дар навбати аввал президентҳо ва шоҳон ва сипас раисони ҳукуматҳо ва вазирон сухан мекунанд. Суханронии ҳар кадоми онҳо, тибқи қоида бояд аз 15 дақиқа зиёд набошад. Баъди мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ маҷлиси Шӯрои амнияти СММ гузаронида мешавад. Ҳалли масъалаҳои таъмини амният ва сулҳи саросари ҷаҳон ба зиммаи Шӯрои амният гузошта шудааст. Имсол маҷлиси Шӯрои амнияти СММ таҳти раёсати президенти ИМА Барак Обама баргузор мегардад. Ҳамон рӯз иштирокчиёни маҷлиси Шӯрои амният ба шаҳри Питсбурги вилояти Пенсилвания рафта, дар мулоқоти роҳбарону намояндагони 20 мамлакати тарақикардаи саноатии ҷаҳон ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки ин мулоқот ба иҷлосияи СММ ягон муносибат надорад. Бо вуҷуди ин баъзе масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия дар ин мулоқот низ муҳокима карда хоҳанд шуд. Дар ҷараёни мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд. Аввали моҳи октябр кори ҳайатҳои мамлакатҳои аъзои СММ дар кумитаҳои гуногун давом дода мешавад. Дар кумитаҳои мазкур масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои байналхалқӣ муҳокима карда, баъдан аз рӯи онҳо қатъномаҳо қабул карда мешаванд. Ҳар мамлакат ҳақ дорад, ки ба иҷлосияи СММ проблемаҳои мавриди назарашро пешбарӣ кунад. Русия имсол ба муҳокимаи иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ масъалаи таҷлили 65 – солагии анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳонро пешниҳод намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






