КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ЭКОЛОГҲО
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 13 сентябр дар Душанбе ихтиёриёни ҷунбиши «Табиатдӯстон» таҳти унвони «Муҳити солими зист аз инсони солим оғоз меёбад» маъракаи хайрия гузаронданд. Дар доираи маърака майдончаи бачагонаи Маркази табобати бемориҳои саратони шифохонаи ҷумҳуриявии ба номи Дяков оғоз гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии ширкати «Вавилон-Т» гузаронида шуд. Вай барои тармими майдончаи бачагона рангҳои гуногун харида, барои беморони хурдсол тӯҳфаҳо тайёр кард. Дар ин маърака кормандони Маркази табобати бемориҳои саратони шифохонаи ҷумҳуриявӣ низ ҳамроҳ шуданд. Роҳбари ташкилоти ҷумҳуриявӣ- ҷамъиятии «Ҷавонони асри ХХ1» Емед Улуғов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар оянда ҳмкорӣ бо кормандони Маркази табобати бемориҳои саратони шифохонаи ҷумҳуриявӣ давом дода мешавад ва ният доранд, ки палатаҳоро барои зимистонгузаронӣ гарм карда, тирезаҳои пластикӣ часпонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






