КӮМАКИ СОҲИБКОР БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Сентябрь 15, 2009 09:25

                Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Соҳибкори душанбегӣ, директори яке аз мағозаҳои тиҷоратии пойтахт Валӣ Маҳмадов қарор дод, ки ба воситаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат кӯмаки башардӯстона расонад.                 Котиби матбуоти ҷамъият ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соҳибкор ба филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари шаҳри Душанбе 60 халта орд ва 120 литр равғани растанӣ дод.                Кормандони ҷамъият пеш аз тақсимоти кӯмаки башардӯстона оилаҳо ва одамони мӯҳтоҷро муайян карданд. Рӯйхати камбизоатҳоро филиали шаҳрӣ дар якҷоягӣ бо Фонди ҳифзи иҷтимоии ин ноҳияҳо тартиб доданд.                Кӯмаки башардӯстона ба маҷрӯҳон, одамони танҳо ва пиронсолон тақсим карда шуд. 

Сентябрь 15, 2009 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад