КОМИССАРИ ҲАРБИИ ДУШАНБЕ ТО 5 ДЕКАБР МӮҲЛАТ ГИРИФТ
Душанбе, 29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1982-1991 ба хизмати ҳарбӣ қарор ба имзо расонд. Тибқи қарори мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2009 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1982-1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди иҷрои ҳатмӣ қарор дода мешавад. Дар асоси ин қарор Комиссияи даъватии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шудаанд, ки чунин комиссияҳоро созмон диҳанд. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Комиссияҳои даъватиро бо духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб таъмин намоянд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои пойтахт ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе барои таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба қитъаҳои даъватӣ кӯмак расонанд. Ба комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки дар бораи ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт то 5 декабри соли 2009 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ахбороти ҷамъбастӣ пешниҳод намояд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






