ЛОИҲАИ НАВ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мӯъминобод муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» таъсис ёфт. Роҳбари лоиҳа Шариф Эмомов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: Лоиҳа аз 13-июли соли ҷорӣ дар ноҳия бо дастгирии бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ИФАД) таъсис ёфт, ки мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ, лоиҳа дар 30 деҳаи ноҳия корҳои соҳаи кишоварзиро ба роҳ монда асосан сохта ба истифода додани биолаборатория, корхонаҳои коркарди пашму пӯст, ширу гӯшт, меваю ангур, таъмир ва бунёди боғу токзор, купруку роҳҳо, беҳтар кардани зоти чорво, ривоҷ додани соҳаи занбурпарварӣ, сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ ва дигар корҳои муҳимро ба роҳ хоҳад монд. Гуфта мешавад лоиҳа ҳамаи корҳоро дар якҷоягӣ бо академияи илмҳои кишоварӣ, институтҳои байналмилалӣ ва кумитаи заминсозӣ ба роҳ монда, ба 4931 оилаи камбизоат хизмат мерасонад.








Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд






