МАКТАБИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Сентябрь 15, 2009 15:27

               Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Бахшида ба 18-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нисури ҷамоати Савноби ноҳияи Рушони ВМКБ бинои иловагӣ ба мактаби №31, ки аз 6 синфхона иборат аст ба истифода дода шуд.                Муовини аввали раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон Маҷид Маҷидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бинои мактабро коргарони Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Шарқ» сохтанд.

Сентябрь 15, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш