МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

Сентябрь 7, 2009 14:40

                Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба Тоҷикистон субҳи имрӯз бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат идома ёфт.                 Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патилро дар назди Қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт.                Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди минбар ба поён расид.Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид.                Эмомалӣ Раҳмон ва Пратибҳа Патил аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати тавсиаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаро таъкид доштанд.Аз ҳамкорӣ миёни сохторҳои низомии ду давлат, ки асосан дар самти омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба нақш ва тадбирҳои зиддитеррористии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Маслиҳату ҳидоятҳои муфиду ҳакимона ва обурӯи Шумо чун роҳбару сиёсатмадори ташаббускор дар таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа бисёр муҳим аст”.                 Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика ба манфиати ҳарду кишвар маънидод гардид ва таъкид карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба паст намудани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ мусоидат мекунад.               Хонум Пратибҳа Патил таъкид дошт, ки дар воқеъ доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба соҳаи энергетика ва саноати кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва изҳори боварӣ намуд, ки масоили густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа имрӯз зимни форуми соҳибкорони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.                Гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҳамчунин оид ба робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.               Хонум Пратибҳа Патил Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ба Ҳиндустон сафари расмии ҷавобӣ анҷом диҳад.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 7, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид