МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИНН ПАСКО

Сентябрь 23, 2009 09:49

                 Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуда, дар ҳошияи он бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско мулоқот намуд.                 Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.                 «Мо ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари худ, ки тавассути даҳ муассисаи махсус амалӣ мегардад, баҳои баланд медиҳем», гуфт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба густариши ҳамкории судманд изҳори боварӣ намуд.               Таваҷҷӯҳӣ асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир гардид. «Рушди энергетикаи обӣ дар Тоҷикистон дурнамои хубу судовар дорад, зеро талабот ба барқ дар минтақа рӯз аз рӯз меафзояд ва сармояи ба ин бахш гузошташуда метавонад дар мӯҳлатҳои наздик боз гардад», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бори дигар таъкид намуд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатхо нестанд».               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти навбатии Тоҷикистонро оид ба ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии об, ки бояд соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад ва эълон кардани соли 2012 чун Соли байналмилалии дипломатияи об дастгирӣ менамоянд.                Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории сиёсиву амниятӣ сурат гирифт, аз ҷумла аз он, ки соли гузашта бори аввал намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Милали Муттаҳид шомил гашта, барои сулҳу амният дар Судон ҳиссагузорӣ намуданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.              Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он анҷом дода шуд.              Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Абоул Гейт, Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрук ва роҳбарияти дигар давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.               Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки имрӯз оғоз меёбад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Сентябрь 23, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад