ОЛИМОН ҚАДРШИНОСӢ МЕШАВАНД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои ноиби президенти Академияи илмҳо Хуршед Каримов, рӯзи 7 –уми сентябр, ду рӯз пеш аз таҷлили 18 –солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду олими дар соҳаи илм муваффақ ; Ӯлмас Мирсаидов ва Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино қадршиносӣ хоҳанд шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ӯлмас Мирсаидов кайҳо дар бахши илми кимиё шӯҳратёр аст. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бошад дар бахши илми забоншиносӣ машҳур гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони мустақилияти кишвар 130 нафар олимони соҳаҳои гуногун ин ҷоизаро соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоиза ба 3 ҳазор доллари амрико баробар аст, ки ҳар яке аз ин ду олим имрӯз аз он бархурдор гардиданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






