ТАШКИЛИ МАРКАЗИ ХУДШИНОСИИ БОНУВОН ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» ташкил карда мешавад. Дар ин бора Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо кард. Дар асоси ин қарор оиннома ва воҳидҳои кории замимагардидаи маркази мазкур тасдиқ шуданд. Маркази мазкур дар собиқ Хонаи ақди никоҳи пойтахт воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 93 воқеъ мегардад. Маркази худшиносии бонувони пойтахт бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳалли мушкилоту проблемаҳои вобаста ба ҳаёти занони шаҳр созмон дода мешавад. Инчунин, дар асоси қарори Раиси шаҳр сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳр муваззаф гардидаанд, ки бақайдгирии давлатии муассисаи номбурдаро тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ таъмин намоянд. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгари азнавсозӣ ва таъмири асосии бинои сеошёна муқарар гардида, бояд ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии онро то 10-уми октябри соли равон таҳия намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






