ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод, то ин ҷониб 10 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида 64 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз ҷумла 16 нафар занон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд, гуфт раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов. Ба гуфтаи ин манбаъ ҳамзамон дар ин муддат 90 нафар шаҳрвандони бешуғл ба кори муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Гуфта мешавад, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ ба 855 ҷой расонида шуд, ки ин раванд ба паст гардидани дараҷаи бекорӣ мусоидат мекунад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






