ТОҶИКИСТОН ДАР СОЧИ МЕҲМОНХОНА МЕСОЗАД?

Сентябрь 19, 2009 11:45

                   Сочи, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). – Корпоратсияи давлатии «Олимпстрой» айни ҳол бо ташкилотҳои бинокории Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Украина дар масъалаи сохтмони силсилаи меҳмонхонаҳо дар шаҳри Сочи гуфтушунид мекунад. Меҳмонхонаҳо дар ин ҷо дар доираи тайёрӣ ба бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2014 сохта мешаванд. Директори генералии корпоратсия Таймураз Баллоев зикр намуд, ки дар Сочи бояд то бозиҳои олимпӣ 42 ҳазор ҳуҷраи меҳмонхона сохта шавад.                  Мо ташкилотҳои бинокории мамлакатҳои иттиҳодро ба сохтмони меҳмонхонаҳо ҷалб менамоем, гуфт Т.Баллоев. Бо ин мақсад қитъаҳои замин ҷудо карда, барои бинокорон шароити зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Арманистон ва Молдавия изҳор карданд, ки дар сохтмони меҳмонхонаҳо саҳм мегузоранд. Акнун дар ин масъала бо Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Украина гуфтушунид карда мешавад, зикр кард Т.Баллоев. 

Сентябрь 19, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид