ТУХМИ КӮҲНАШУДА НОБУД КАРДА ШУД

Сентябрь 11, 2009 16:01

               Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, «Тоҷикстандарт», Бунгоҳи санитарию эпидемиологӣ ва экологии пойтахт 8 сентябр миқдори зиёди тухми мурғи кӯҳнашуда ва мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро аз фурӯш боздошта, несту нобуд сохтанд.                Кормандони агентии «Тоҷикстандарт» дар асоси мактуби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анбори озуқавориро дар кӯчаи Чортеппаи шаҳри Душанбе тафтиш карда, 413 ҳазору 280 дона тухми истеҳсоли Ҳиндустонро дарёфт намуданд, ки мӯҳлати сертификати мувофиқати он ҳанӯз моҳи июн гузаштааст. Ҳамаи тухмҳо барои санҷиш ба озмоишгоҳи махсус фиристода шуданд.               Муқаррар карда шуд, ки тухмҳо кӯҳна шуда, мӯҳлати истеъмолашон гузаштааст ва истеъмоли онҳо ба организми инсон зарар дорад. Дар робита дар бораи нобуд кардани тухмҳо қарор қабул карда шуд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар амалиёти нобуд сохтани маҳсулоти бадсифат намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, «Тоҷикстандарт», бунгоҳи санитарию эпидемиологӣ, экологҳо ва хабарнигорон иштирок доштанд.

Сентябрь 11, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд