20 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ПАРДОХТИ ҚАРЗҲО
Хуҷанд, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар шимоли мамлакат 180 ҳазору 493 нафар нафақахӯр зиндагӣ мекунад. Маблағи миёнае, ки дар вилояти Суғд нафақахӯрон мегиранд 80,1 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Нуринисо Комилова хабар дод. Талаботи як моҳа барои маблағгузории нафақа ва кӯмакпӯлӣ 14,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо барои пӯшонидани қарзҳо ва кӯмакпӯлиҳо дар моҳи сентябр ва барои пурра додани нафақапулӣ барои сокинони вилояти Суғд беш аз 20 миллион сомонӣ (ё ин ки 4,5 миллион доллари ИМА) лозим аст,-қайд намуд сардори Раёсати агентии суғуртавию нафақавии ҶТ Ғафурҷон Мӯъминов. Ҳол он ки корхонаҳо ва ташкилотҳои гуногуни вилояти Суғд қарзи калон дар назди Агентии суғуртавию нафақавӣ доранд, ки он беш аз 37 миллион сомониро (ё ин ки беш аз 8 миллион доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






