74 ҲАЗОР ТОННА КАРТОШКА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти котиби матбуотии Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев, соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии картошка 227,1 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Картошкапарварони ҷумҳурӣ дар моҳи сентябр 74,7 ҳазор тонна ё баробари 33 фоизи солона картошка ҷамъоварӣ намуданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҷамъоварии имсолаи картошка нисбат ба соли 2008 10,9 ҳазор тонна зиёд аст, аммо ҳосилнокӣ аз ҳар гектар нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 12,4 сентнерӣ камтар аст. Дар ҷумҳурӣ ҳоло 63 фоизи картошка ҷамъоварӣ нашудааст, хоҷагиҳои картошкапарвар ҷамъоварии картошкаро давом медиҳанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






