А. АЛИЗОДА: «СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ СОЛИ БОБАРОР ВА НЕК БУД»
Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Давраи ҳисоботӣ ба соле рост омад, ки барои роҳбарият, кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамчун соли таърихию хотирмон дар саҳифаи рӯзгор сабт гардид», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуҷалол Ализода. Зеро соли 2009 соле, буд, ки 1310-солагии асосгузори мазҳаби Ҳанафия — Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ҷараёни баргузории конфронси ҷумҳуриявии «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ», ки моҳи феврал доир шуд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам гузошта шуд. Ин иқдом воқеан рамзӣ ва бо маврид буд. Зеро фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар доираи мактаби Имоми Аъзам ҷараён мегирад. Абдуҷалол Ализода роҷеъ ба фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ибрози назар карда афзуд, ки дар 9 моҳи соли равон донишкада дар бархе аз чорабиниҳои давлатӣ ба монанди нахустозмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», нахустфестивали ҷумҳуриявии «Наътхонон» ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳамчун ташаббускор ва яке аз иҷрокунандагони асосии он саҳм гузоштааст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






