АНДОЗИ ИҶТИМОӢ ИҶРО НАГАРДИД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотие, ки дар шаҳри Ваҳдат доир гардид, намояндагони қариб ҳамаи рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Азбаски маълумоти ҷамъбасти нӯҳмоҳа ба дасти хабарнигорон пеш аз оғози конфронс супорида шуда буд, кор яку якбора аз саволу ҷавоб оғоз шуд. Хабарнигорон паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияро мавриди пурсиш қарор доданд. Ба саволҳо нафақат раиси ноҳия, балки роҳбарони идораю корхонаҳо ва намояндагони маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ посухҳои мушаххас гуфтанд. Аз рӯи маълумоти пешниҳодшуда, дар 9 моҳи соли 2009 аз ҷамъи даромадҳо ба буҷаи давлат 14 млн. 415 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки баробари 101 фоизи нақша мебошад. Сарфи назар аз иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия, нақшаи буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби сохтмон, наклиёт, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва савдо 101 фоиз иҷро гардид, — иброз дошт дар ҷамъбасти кори конфронс раиси ноҳия Анвари Вайсиддин. Конфронс дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






