АЪЗОИ ШӮРОИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ АЗ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз дафтари матбуоти Бонки рушди Евразия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Шӯрои Бонк ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Абдуғаффор Раҳмонов муовини ӯ таъин карда шуданд. Айни ҳол ба Шӯрои бонки мазкур Русия, Қазоқистон ва Арманистон шомил мебошанд. Тоҷикистон моҳи июни соли равон ҳамаи расмиёти қабул ба узвияти бонки рушди Евразияро иҷро намуда, узви чоруми бонки мазкур гардид. Маблағи дороии ибтидоии бонк бештар аз 1,5 миллиард доллар мебошад. Бонк бо пешниҳоди президентҳои Русия ва Қазоқистон соли 2006 таъсис дода шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






