БОҒҲОИ ШАҲРРО РОҲБАРОНИ НАВ ИНТИЗОРАНД
Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 9 октябр дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаҳои директорони боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд. Тибқи он барои ишғоли вазифаҳои директорони Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Айнӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), «Кӯли комсомол» (ноҳияи Сино) ва «Дӯстии халқҳо» (ноҳияи Фирдавсӣ) аз 10 –ум то 31 октябри соли 2009 такроран озмун гузаронида мешавад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар озмун шахсоне, ки маълумоти олии касбии биологӣ ва агрономӣ, инчунин собиқаи кории роҳбарикунанда доранд, иштирок карда метавонанд. Озмун ба таври кушод гузаронида шуда, 5 ноябр ҷамъбаст мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






