ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Ноҳияи Шаҳритус, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2009-ум кишоварзони ноҳия дар майдони зиёда аз 4284 гектар пумбадона, 5370 гектар ғалладона ва лубиёгиҳо, картошка 359 гектар, сабзавот 904 гектар, полизиҳо 919 гектар, хӯроки чорво 480 гектар кишт карданд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 119 миллиону 126 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва 1402 тонна гӯшт, 5087 тонна шир, 1 миллиону 503 ҳазор дона тухм, 73 тонна пашм, 39,4 тонна пилла, 22801 тонна ғалла, пахта 5807 тонна, 7451 тонна картошка, 22304 тонна сабзавот, 28661 тонна полезиҳо, 2398 тонна меваҷот, ангур 2234 тонна дар ҳама шаклҳои моликият истеҳсол шуда ба дастурхони аҳолии ҷумҳурӣ ва берун аз он пешкаш шудааст, яьне ҳамагӣ зиёда аз 7 ҳазор тонна маҳсулот содир ва аз он ҷумла 1088 тонна берун аз Ҷумҳури Тоҷикистон таввасути роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомабилии махсусгардонидашуда ба фурӯш бароварда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






