Э. РАҲМОН БО ЗИЁДА АЗ 300 НАФАР ТОҶИКОНУ ТОҶИКИСТОНИЁНИ МУҚИМИ РУССИЯ МУЛО&#
23 уми октябри соли 2009 дар доираи сафари давлатӣ ба Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 300 нафар тоҷикону тоҷикистониёни муқими Руссия мулоқот анҷом дода, оид ба роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи онҳо мабодилаи афкор намуд. Хотиррасон бояд намуд, ки ин баъд аз вохӯриҳои Қазон, Маскав, Челябинск, Екатеринбург панҷумин мулоқоти густурдаи сарвари давлат бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Руссия аст.Чунон, ки аз рафти сӯҳбат ба саволу ҷавобҳо маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтанд. Таъкид гардид, ки бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Руссия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Руссия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон бо гувоҳи возеҳи болоравии онҳо маънидод гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






