ЭКОЛОГИЯРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОШТ

Октябрь 17, 2009 13:10

                Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Барои вайрон кардани талаботи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ аз қонуншиканон ба маблағи 410,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ва зарар ситонида шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Зикиров Хурсандмурод 16 октябри соли равон.                Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки барои насупоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ, вайрон кардани талаботи қонун оид ба ҳифзи муҳити зист ба Суди иқтисодӣ 48 мавод ба маблағи 1240,7 ҳазор сомонӣ, ба прокуратура 124 мавод ба маблағи 75,8 ҳазор сомонӣ супорида шуд.                  Дар ин давра аз тарафи экспертизаи давлатии экологӣ дар 34 ҷаласаи комиссияи экспертӣ 306 мавод оид ба интихоби қитъаи замин, воридоти нуриҳои минералӣ истифодаи сарватҳои табиӣ, ҷойгиршавӣ ва фаъолияти пешбинишудаи иншоот баррасӣ гардида, ба 246 адади он хулосаҳои асоснок дода шуда, 16 мавод барои пурра кардан баргардонида шуд.                 « Барои беҳтар кардани ҳолати санитарию экологӣ ва бехатарии ҳавзаи дарёи Варзоб аз тарафи сохторҳои марбута, аз ҷумла, Кумитаи ҳифзи муҳти зист, Вазорати тандурустӣ, Вазорати мелиоратсия ва захираи об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рейдҳои муштарак гузаронида шуданд ва ин то имрӯз давом дорад», гуфт дар фарҷом раиси кумита.  

Октябрь 17, 2009 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид