ХОҲИШИ ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ҶАНУБӢ АЗ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои шабакаҳои барқи ҷанубӣ, қарзи умумии корхонаю идора, муассисаю хоҷагиҳо ва ҳамчунин аҳолии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 58 млн. 453 ҳазор сомонӣ расидааст. Нозирони идораи фурӯши барқ ҳамагӣ 55 фоизи маблағро ҷамъоварӣ намудаанд. Шабакаҳои барқи ҷанубӣ ин вазъияти ба амаломадаро ба назар гирифта, ба ҳукумати вилоят дар бораи мусоидат намудан оид ба пардохти ҳаққи истифодаи барқи корхонаю идора ва муассисаҳои вилоят дархост пешниҳод намуданд. То моҳи октябр аз 851 ҳазор кВт соат нерӯи барқи ба вилоят додашуда ҳамагӣ 22 млн. 900 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт гардидааст. Барои ҷамъоварии пурраи пардохти ҳаққи барқи истифодашуда боз 35 ҳазору 492 сомонӣ зарур аст, ки бояд корхонаю идораҳо онро пардохт намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






