МАНСАБДОРОН ОИДИ МОЛУ МУЛКАШОН ЭЪЛОМИЯ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯНД
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-28 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Масъалаҳои мазкурро Сардори раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов шарҳ дода гуфт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ тақвияти сохтори дастгоҳҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, танзими аниқ намудани масъалаи идоракунии давлатӣ дар маҳалҳо мебошад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2001 қабул карда шудааст. Дар асоси он аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне хизматчиёни давлатӣ ҳангоми ба вазифа таъини шуданашон ба ҷои кор ва ба мақомоти андоз эъломия оиди молу мулкашон пешниҳод менамоянд. Инчунин, андози маоши мансабӣ, шартҳо, тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатӣ, иловапулӣ барои рутбаҳои тахассусӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






