МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР
Маскав, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 28 сентябр дар Қасри миллатҳои шаҳри Маскав дар мавзӯи «Бӯҳрони иқтисодӣ ва проблемаҳои коргарони муҳоҷир машварат баргузор гардид. Онро Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ва сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ташкил намуданд. Дар машварат намояндагони Ҳукумати Маскав, аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, муовини директори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, кормандони Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбари намояндагии Кумитаи давлатии муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ ва шӯъбаҳои минтақавии Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ва созмонҳои дигари ҷамъиятию давлатии Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни машварат масъалаҳои муҳимтарини марбут ба кору зиндагии коргарони муҳоҷир, аз ҷумла, нақши давлат дар танзими ҷараёни муҳоҷират дар шароити бӯҳрон, таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба муҳоҷират, муқаррар намудани роҳу воситаҳои ҷалби муташаккилонаи коргарони муҳоҷир, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд. Машварат таҳти раёсати роҳбари созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов гузашт. Вай дар бораи ду усули ҷалби муташаккилонаи коргарони муҳоҷир, қабул кардан, бо кор таъмин намудан, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию қонунии коргарони муҳоҷири тоҷик дар кишвари Краснодар, шаҳри Сочи ва кишвари Перм сухан ронд. Баъдан роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Краснодар ва вилояти Перм Нағзибек Нағзибеков ва Сайфиддин Одинаев роҷеъ ба проблемаҳои кору зиндагии муҳоҷирон ва роҳҳои бартараф сохтани онҳо ибрози ақида намуданд. С.Одинаев зикр намуд, ки коргарони муҳоҷир аз рӯзҳои нахустини ба Русия омаданашон дар бораи шароити зиндагӣ ва кор маълумоти зарурӣ мегиранд. Ба онҳо барои ба даст овардани иҷозатномаи фаъолият, ба қайд гузоштан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дигар ҳамаҷониба кӯмак расонда мешавад. Дар вилояти Перм маркази тиббӣ ва мактаби коргарони муҳоҷир кушода шудаанд. Роҳбари шӯъбаи қабули сарвазири Русия В.Путин дар Маскав, муовини раиси Кумитаи андоз ва пардохтҳои Думаи давлатӣ Николай Гончар зарурати дар сатҳи минтақавӣ гузаронидани кор бо муҳоҷирони меҳнатиро таъкид намуда, пешниҳод кард, ки иштирокчиёни машварат бо мақсади шинос гардидан бо фаъолияти маркази муҳоҷират ба вилояти Перм раванд. Ин пешниҳодро муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки дар Русия қонунҳои инсонпарваронаи буду боши муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ қабул карда шудаанд ва амал мекунанд. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, мушовири раиси Ҷамъияти умумироссиягии варзишии «Динамо» Юрий Абдураҳимов пешниҳод намуд, ки барои дастгирии коргарони муҳоҷир фонди махсуси муштараки Русия ва Тоҷикистон ташкил карда шавад. Аҳли машварат якдилона изҳор карданд, ки бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба вазъияти коргарони муҳоҷир таъсири манфӣ расонд. Илова бар ин дар иқтисодиёти мамлакат дигаргуниҳои ҷиддии сохторӣ ба амал омаданд. Дар натиҷаи таъсири бӯҳрон нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар бобати расондани кӯмак ба коргарони муҳоҷир чандин маротиба афзуд. Онҳо ҳамроҳи сохторҳои давлатӣ барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ тадбирҳои судбахш меандешанд. Дар фарҷоми машварат Абдулло Давлатов ба иштирокчиёни он, хусусан Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва намояндагии ВКД Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва кӯмакашон изҳори сипос намуд.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






