ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН СУДИ ҲАКАМИРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Октябрь 7, 2009 17:29

                  Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳаи Палата нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тавре муовини аввали Раиси Палата Одил Сангов изҳор кард, айни ҳол Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 182 Палатаи савдои кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамчунин дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 намояндагии Палата фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ бо соҳибкорони хориҷӣ, намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмиллалӣ зиёда аз 30 вохӯрӣ барпо карда шуд. Бо Федератсияи палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии исломии Покистон, палатаҳои савдои ҷумҳуриҳои Афғонистону Ҳиндустон меморандум дар бораи ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шуд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 2 намоишгоҳи хориҷӣ бо иштироки соҳибкорон аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ва минтақаи Қошғари Ҷумҳурии Халқии Хитой ва моҳи июл бизнес-форуми соҳибкорони Латвия баргузор карда шуд.                  « — Дар назди Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Маркази дастгирии ҳуқуқӣ барои рушди Суди ҳакамӣ ва Суди байналмиллалии тиҷорат, инчунин ҶММ «Сайёҳ — Бозаргон» фаъолият мекунанд. Бо мусоидати Палата Ассотсиатсияи рақамии «GSI – Tаджикистан» — нишонагузории мол кушода шуд, — гуфт дар хотима Одил Сангов.

Октябрь 7, 2009 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад